Хоҷа Аҳрори Валӣ
(1404 - 1490)

Сӯфии асил
 
Аслан, сӯфӣ ҷаъливу аслӣ намешавад. Аммо мо дар замонае зиндагӣ мекунем, ки шинохтани марзи ҳақ аз ботил мушкил шудааст, бахусус, барои афроде, ки олим ва огоҳ нестанд. Наворҳое, ки аз саросари ҷаҳон дар бораи маҳофили ба ном сӯфиён имрӯзҳо нашр мешаванд, ҷузъ ҷаъл чизи дигаре беш намебошанд. Ё ин ҳама тасаввуфи ғайритоҷикист. Тасаввуфи тоҷикӣ чизе асилтар ва мондагортар аст. Ёдоварии танҳо Мавлонои Рум кофист. Кош, Тоҷикистон имрӯз як сӯфӣ медошт, ки аз баракаташ ин мулк файз мебардошт!
Хоҷа Аҳрор маҳсули як мактаби бузурге аст, ки аз Имоми Аъзаму Имом Ҷаъфари Содиқ то Имом Абуюсуфи Ҳамадонӣ ва Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд инқилоби маънавиеро дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд оварда буд. Хонаводае ҳам, ки Хоҷа Убайдуллоҳ, ё Хоҷа Аҳрор (таваллуд - 1404 - деҳаи Боғистони вилояти Тошканд, марг – 1490 – деҳаи Камонгарони Ургути Самарқанд) ба дунё омад, чеҳраҳои барҷастаи тариқати замони худро парварда буданд. 


Дехаи точикнишини Богистон
Зодгохи Хоча Ахрори Вали, ки дар марзи Казокистону Узбекистону Киргизистон дар огуши куххо чойгир шудааст.  Ин деха зодгохи бисёре  аз бузургони олами ислом ба хисоб меравад, яке аз онхо Хоча Ахрори Вали (1404 - 1490) мебошад. Сиёсатмадори точик  Рахматулло Зохиров низ зодаи и деха аст.

Аз падар бо Хоҷа Муҳаммади Номӣ, яке аз орифони маъруфи Бағдод пайванд дошт ва аз модар набераи Шайх Умари Боғистонӣ аст.
Муъҷизаҳоеро низ ба ӯ рабт медиҳанд: то 40 – рӯзагӣ пистони модарро ба даҳон нагирифта ва рӯзе, ки ба шарафи яксолагӣ мӯйсарашро мегирифтанд, Амир Темур мурд.
Дар 22 – солагӣ барои таҳсил ба Самарқанд рафт, аммо “ба ҷуз ду сафҳа наҳви арабӣ чизе беш наомӯхт”. Улуми ботинӣ (тасаввуф) – ро аз улуми зоҳирӣ (расмӣ) боло гузошт. Мегуфт, тасаввуф ҷавҳари фиқҳ, ҳадис ва тафсир аст. Ин айём дар маҳофили орифони барҷастаи давр Низомиддин Хамӯш ва Саъдуддини Қошғарӣ вақт гузаронд. Аммо бесавод набуд. Муаллифи чанд китоб, аз ҷумла “Фақароти аҳрория” ва “Валадия” аст. Донишу фаросатро ба ӯ на мадраса, балки Худо дода буд. Таърих донишманди зиёдеро дидаву ҳоло мебинад, аммо мисли Хоҷа Аҳрор кам инсонҳое буданд, ки бо фаросат худ таърих месохтанд.
Дар 24 - солагӣ ба ҷустуҷӯи пир роҳи Ҳиротро пеш гирифт. Бо Саид Қосими Анвор, Шайх Баҳоуддин Умар, Шайх Зайнуддини Хавофӣ – шайхони маъруфи Ҳирот зиёду шишту хест, аммо ҳеҷ касе ӯро кашф накард.
Он замон Мавлоно Яъқуби Чархӣ, яке аз халифаҳои Хоҷаи Бузург ё Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, асосгузори нақшбандия, дар деҳаи Ҳалағтуи Ҳисори вилояти Чағониён (имрӯза деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ) зиндагӣ мекард. Хоҷа Аҳрор аз Ҳирот пиёда ба назди ӯ омад.
Хоҷаи Бузург мегуфт: “Дасти ту дасти мост, ҳар кӣ дасти ту гирад, дасти мо гирифтааст”. Хоҷа Аҳрор се моҳро дар тарбияти Мавлоно Яъқуби Чархӣ гузаронд ва аз ӯ иршод, ҳаққи устодиро ба даст овард.
Нақшбандия ҷараёне буд, ки бар хилофи тариқатҳои дигар танҳо риёзату кунҷи хилватро шарти аввали тасаввуф, ё расидан ба Худо, намедонист, балки мегуфт: “Дил ба ёру даст ба кор”. “Наранҷидан ва наранҷонидан”, “ба бадӣ бо некӣ посух гуфтан”, “ҳамаро аз худ беҳтар ва худро аз ҳама камтар дидан” – ин ва дигар шиорҳо шеваи зиндагии Хоҷа Аҳрор буданд, аммо таърих гувоҳ аст, ки ӯ бо ин хоксориву шикастанафсӣ чӣ хизматҳои бузурге дар ҳаққи мардум кард.
Дар синни 29 – солагӣ Хоҷа Аҳрор ба Тошканд баргашта, ба деҳқонӣ машғул шуд. Ӯро “шайхи деҳотӣ” мегуфтанд. Аммо Худованд рисолат ва сарнавишти дигареро барояш рақам зада буд.


Сулҳовар

 
Замони фитнаҳои бузург буд. Империяи Темур миёни наберагонаш тақсим шуда, онҳо даст ба гиребони ҳамдигар зада буданд. Аз ин кашмакашҳо халқи оддӣ зиён медид. Аз ҷумла, фитнаи бузурге пас аз соли 1449, вақте шоҳзодаи темурӣ Абдулатиф падараш Улуғбекро кушт, сар зад. Шаш моҳ пас ӯро Бобо Ҳусайн ном фармондеҳи Улуғбек кушт ва писари бародари ахирӣ – Мирзо Абдуллоҳро ба тахти Самарқанд шинонд. Соли 1451 темурии дигар Султон Абӯсаид бо кӯмаки ӯзбакҳо аз Тошканд ба Самарқанд юриш карда, Мирзо Абдуллоҳро қатл кард ва ба тахт нишаст.
Хоҷа Аҳрор, ки дар ғайбаш Ҳазрати Эшон низ мегуфтанд, дар зодгоҳаш Боғистон нишаста, вазъи минтақаро муроқибат мекард. Ӯ ба чунин хулоса омад, ки аз ҷангҳо миёни наберагони Темур мардуми оддӣ ҷабр мебинанд ва вақти иқдом расидааст. Куштори Улуғбекро як тасодуф намедонист. Мегуфт, набераи Темур бо иттифоқи шайхулисломи Самарқанд Хоҷа Исомиддин бар Низомиддини Хамӯш, шайхи ростин зулму беэҳтиромӣ кард ва ҷазои худро гирифт. Бархе аз ин суханони Хоҷа Аҳрор хулоса карда буданд, ки ӯ дар марги Улуғбек даст дорад, аммо ӯ дар Тошканд буд ва куштор ҳеҷ гоҳ шеваи кори ӯ буда наметавонист.
Ӯ як бор ба даргоҳи Мирзо Абдуллоҳ омад ва аз ӯ хост, ки аз адолату шариат кор гирад. Ахирӣ Хоҷаро писанд накард. Ҳазрати Эшон ба Тошканд баргашт. Султон Абӯсаид, баръакс, дар симои Хоҷа Аҳрор пуштибонӣ қавиеро медид, аз ин хотир, аз ӯро аз Тошканд ба Самарқанд овард ва ягона темурии замонаш шуд, ки дар он замон бо марги худ мурд. Ва Хоҷа Аҳрор буд, ки дар чанд марҳалаи ҳассос ҷони ӯро харид.

Фото Саидбурхона Икромова.
Масҷиди Хоҷа Аҳрор дар Тошканд

Тасаввуф ва сиёсатро якдигарро қабул надоранд. Ҳарду якдигарро инкор мекунанд, аммо дар марҳалаҳои муҳими таърих шайхони бузург дахолат ба сиёсатро амри ҳатмӣ меҳисобанд, зеро сухан дар бораи сарнавишти инсоният меравад. Замоне, ки Хоҷа Аҳрори Валӣ зиндагӣ мекард, айни чунин вазъ буд. Ҳазрати Эшон мегуфт, вазифаи аввали шайхони тариқат гирифтани дасти мардуми ранҷур аст, на ба риёзати дарвешӣ нишастан. Боз мегуфт, подшоҳ бояд чунон ҳиммат дошта бошад, ки “тамомати муслимин дар роҳат бошанд”. Ҳамчунин мегуфт: “ҳар кӣ дар дили мусулмоне ғам корад, ғам бардорад ва шодӣ корад, шодӣ бардорад”. Ба подшоҳон мегуфт: “бояд, ки аз рӯзи завол андешид ва мулоҳизаи аҳволи раоё кунанд, ки ба ҳасби ҳақиқат сабаби вусули саодати салтанат ва ҳукумат раоё ва фуқароанд”
Аммо Ҳазрати Эшон бар ин буд, ки мардум ҳатман итоати подшоҳро ба ҷой оранд ва барои ин бояд мутадаййин ва имони қавӣ дошта бошанд. Мегуфт, “агар саг (халқ – муаллифи ин матлаб) ба инсон ҳамла кунад, соҳибаш (Худо) – ро бояд хонд” ва як қиссаеро ҳам меорад: Як нафарро 99 дарра заданд, “воҳ” нагуфт, аммо бори 100 – ум фарёди ҷонгудоз баровард. Чаро? То чӯби 99 фикри ӯ бо Худо банд буд, дафъаи 100 – ум Худо аз фикраш рафт.
Хоҷа Аҳрор ба ҳамин андешаҳо миёнарави мардум ва ҳокимон шуд. Манфиати мардум пеши подшоҳон ва манфиати подшоҳонро миёни мардум ҳимоят мекард.
“Ҳукумати 40 – солаи Улуғбек ба охир расид, ҳукумати 40 – солаи Хоҷа Аҳрор шуруъ шуд”. Ин суханони В. Бартолд, муаррихи рус айни воқеият буданд. Ин 40 сол як давраи орому осуда барои мардуми Самарқанд ва дар умум Мовароуннаҳр буд, дар ҳоле ки дар гирду атроф ҷангҳои миёни Темуриён дар авҷ буданд. То Хоҷа Аҳрор зинда буд, нагузошт, ки шоҳзодаҳои темурӣ Самарқандро ба хоку хун кашанд.
Дар “Рашаҳот” аз се фитнаи бузурги он замон нақл мешавад, ки бо дахолату миёнҷигарии Хоҷа Аҳрор хунсо шуданд ва далели “худкомагии сиёсӣ” – и ӯ мебошанд.
Аввал, соли 1454 бародари Улуғбек – Мирзо Бобур ё Бойсанғур Мирзо Шоҳрух , ки ҳокими Хуросон буд, бо сад ҳазор марди ҷангӣ Самарқандро муҳосира карда, ҳушдори Хоҷа Аҳрорро дар бораи ин, ки аз раъйаш баргардад, нодида гирифт. Хоҷа Султон Абӯсаидро, ки мехост фирор кунад, ба тарсуӣ сарзаниш кард ва гуфт, ман илоҷи ин корро хоҳам рафт. Вақте неруҳои Мирзо Бобур ба Самарқанд даромаданд, ба муқовимати шадиди мардум бо сарварии Хоҷа Аҳрор рӯбарӯ шуданд ва мардум ҷумлаи онҳоро гӯшу бинӣ бурид. Мирзо Бобур шармандавор шикаст хӯрд. Хоҷа Аҳрор ба ӯ гуфт, аз падарат Шоҳрух зиёд некӣ дидаем, вагарна коратро ин ҷо ба анҷом мерасондем.
Дуввум, соли 1470 Султон Маҳмуд, ҳокими Ҳисор ба қасди ҷони бародараш Абусаид ба Самарқанд омад. Шаҳрро муҳосира кард ва низ ҳушдори Хоҷа Аҳрорро писанд накард. Лашкари бузурги Султон Маҳмудро як урдуи хурди самарқандиҳо, аммо бо “иттифоқ” – и офатҳои табии ногаҳонӣ, назири тӯфон ва кӯчиши замин мағлуб намуд. Султон Маҳмуд фирор кард ва Султон Абӯсаид, ки дар як ҳуҷраи мадраса пинҳон шуда буд, ба тахт баргашт.
Сеюм ва бузургтарин корнамоии Хоҷа Аҳрор оштӣ миёни се писари Султон Абӯсаид дар даҳаи 80 – и асри 15 аст. Бародарони хурдӣ – Султон Маҳмуд ва Султон Умар Мирзо, ки дар Фарғонаву Мовароуннаҳр подшоҳӣ мекарданд, алайҳи бародари калонӣ – Султон Аҳмад, ҳокими Самарқанд лашкар кашиданд. Муҳорибаи онҳо бояд дар маҳалли Оққӯрғони музофоти Шоҳрухия ба вуқуъ пайваст. Хоҷа Аҳрор, ки он замон пир шуда буд, ин се бародарро сари як дастурхон нишонда, байнашон сулҳ кард. Танҳо Тошкандро дар ихтиёри бародари хурдӣ Султон Умар Мирзо гузошт.
Ба ҷуз ин се ҳодиса шайхи бузург ва сулҳовар аз ҷандин шӯришҳо дар Самарқанд ҷилавгирӣ кард, то мардум осуда зиндагӣ кунад, аммо мушкили онҳоро бо подшоҳон ҳамеша ба миён мегузошт ва ҳал мекард.
Яке аз дастовардҳои ӯ лағви андози тамғо ё тамға буд, ки шахсан аз ҷониби Чингизхон барои косибон ва тоҷирони Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрон, Русия, Ховари Наздик ва Миёна ҷорӣ шуда буд. Хоҷа Аҳрор вориси Абӯсаид - Султон Аҳмадро муътақид кард, ки аз он даст кашад. Дар Эрон ин навъи андоз соли 1565 лағв шуд, аммо бо кӯшишҳои Хоҷа Аҳрор онро дар Самарқанду Мовароуннаҳр ҳанӯз 100 сол пеш аз миён бурданд.
Бино ба ахбори “Рашаҳот”, дар Самарқанд 12 тамғочӣ аз ҳисоби ҷамъоварии тамғо нафъи зиёд медиданд ва ба хотири аз нав барқарор кардани он мансабдорони Султон Аҳмадро ришва дода, ӯро моил ба таҷдиди ин навъи андоз намуданд. Ҳазрати Эшон ин хабарро шунида, ба қаҳр меояд ва мегӯяд: “Ҳазрати Хоҷа Баҳоуддин муддате ҷаллодӣ мекарданд, мо ҳам аз шогирдони эшонем”. Вақте Султон Аҳмад аз ин ҳушдори Ҳазрати Эшон хабар меёбад, аз раъяш бармегардад. Як тамғочӣ ҳам огоҳ шуда, тавба мекунад. Ҳамон шаб 11 тамғочии дигар якбора мефавтанд.
Ровиёни ин хабар бар инанд, ки тамғончиён аз дуои Хоҷа Аҳрор фавтидаанд. Дигар ин, ки онҳо тоҷир набуданд, гандумфурӯшӣ ҳам намекарданд ва ин даъво дуруғи маҳз аст. Ҳарчи ҳам набошад, Хоҷа Аҳрор аз ин вазнинӣ мардумро наҷот дод, зеро тамғо ё тавре мегуфтанд, “ситамномаи Чингиз”, ба рушди косибӣ ва тиҷорат халал мерасонд ва барои ҳамеша аз байн бурда шуд.


Сармоядори бузург

 
Кори дигаре, ки хилофи анъанаҳои суфиён Хоҷа Аҳрор кард, такя задан ба қудрати молӣ буд. Ҳазрати Эшон аз рӯи принсипҳои зиндагиаш ба ин дарк расида буд, ки дар фикри мардум будан кам аст, бояд мушкилоти ӯро бевосита ҳал кард.
То ба ҳол устураҳои зиёде миёни мардум сайр доранд, ки бар сарвати беҳисоби Хоҷа Аҳрор ишорат мекунанд. Ин муаррифии ӯ то ҷое ба шахсияташ ҳамчун пешвои тариқати нақшбандия низ соя афканда, барои онҳое, ки аз воқеият огоҳӣ надоранд, “худкомагии иқтисодӣ” менамояд. Ҳар кӣ аз дилу нияте, ки дошту дорад, ин мавзӯро шарҳ медоду медиҳад, аммо воқеияти таърих дигар аст.
Теъдоди замин ва дар умум ҳаҷми сарвати Хоҷа Аҳрор ҷое дақиқ муайян нашудааст. Омори мухталиф дар ин бора вуҷуд дорад. Дар “Рашаҳот” омадааст, ки Хоҷа Аҳрор 1300 мазраа ё замини кишт дошт. Танҳо дар Қаршӣ 3000 қитъаи замин дошт, ки ҳудуди 6 ҳазор гектарро ташкил мекард. Дар Самарқанд 7,5 ҳазор гектор, дар Бухоро 250 ва Тошканд 41 мазраа - замин дошт. Ба ҷуз замин, Хоҷа Аҳрор дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Андиҷон, Сайрам ва Кобули Афғонистон соҳиби дӯконҳо, муассисаҳои косибӣ, осиёб, боғу хона ва дигар амволи ғайриманқул буд. Дар умум, дар ин паҳно 400 замин, 64 деҳа, 30 боғи беруназшаҳрӣ, 11 хонаи шаҳрӣ, даҳҳо дӯкони косибиву тиҷоратӣ, тиму осиё ба Хоҷа Аҳрор тааллуқ доштанд.
Бархе муаррихон менависанд, ки Хоҷа Аҳрор аз моликияташ ба хазинаи давлат андоз намедод, аммо ин даъво сиҳат надорад. Дар “Рашаҳот” омадааст, ки Ҳазрати Эшон ба хазинаи Султон Аҳмад 80 ҳазор ман гандум, ё даҳяки ҳосили заминҳояш дар Самарқандро ушр медод. Дар “Маноқиб” аз қавли Султон Аҳмад омадааст, ки Хоҷа Аҳрор боре ба ӯ 10 ҳазор тангаи нуқра хироҷ фиристодааст. Султон Маҳмуд пас аз марги Хоҷа Аҳрор 500 ҳазор танга ё даҳяки меросашро, ки 5 миллион танга ҳисоб шуд, аз худ кард.
Вақфномаҳое, ки аз амволи Хоҷа Аҳрор то рӯзҳои мо расидаанд ва мавриди омӯзиши муаррихони руси то Инқилоби Октябру баъд аз он шудаанд, то ҷое ба роҳҳои сарватманд шудани ӯ рӯшанӣ меандозанд. Бино ба онҳо, Хоҷа Аҳрор моликияташро аз деҳқонон, заминдорон, аъёну ашроф, косибон, хоҷаҳо, сайидҳо, шайхҳо ва ғайра ё мехарид, ё туҳфа мегирифт. Дар санадҳои таърихӣ ин нукта низ зикр мешавад, ки дар замони қаҳтиву хушксолӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ деҳқонон ба таври дастаҷамъӣ “худро ба Ҳазрати Эшон мефурӯхтанд”. Аммо ин ба маънои он набуд, ки Хоҷа Аҳрор онҳоро ғулом ё тобеи худ мекард. Ислом ғуломдориро манъ карда буд ва Хоҷа Аҳрор, як сӯфии бузург ва пешвои тариқат, ин иҷозаро ба худ дода наметавонист, ки мусалмононро ғулом кунад. Он замон танҳо ҳиндуҳо дар Самарқанду Бухоро ғуломӣ мекарданд. Бино ба маълумоти “Маноқиб” ва “Рашаҳот”, Ҳазрати Эшон агарчи замин ё дигар амволи ғайриманқулро харидорӣ мекард, онҳоро ҳамоно дар ихтиёри соҳибонашон мегузошт, ба истилоҳ, иҷорадиҳанда буд, аммо қисмати асосии даромадро ҳамон соҳиби замин мегирифт.
Хоҷа Аҳрор даромадҳои “империяи иқтисодӣ” - ашро низ огоҳона ва ба мақсадҳои муайян харҷ мекард. Қисмати бузурги даромадҳо барои сармоягузории мадрасаҳо – мактабҳои он замон, масҷидҳо, маоши устодону имомони масҷид ва ходимони онҳо харҷ мешуд. Бақияи даромадҳоро барои кӯмак ба мардуми фақир сарф мекард. Як далели эҳтиром ва устураӣ шудани шахсияти Хоҷа Аҳрор низ ин аст, ки соҳибкори муваффақ, аммо шикастанафс буд, худ харҷи зиёд надошт ва даромадҳояшро барои некуаҳволии мардум сарф мекард. “Шарт нест, ки сӯфӣ нодор бошад, муҳим аст, ки ба сарваташ дил набандад” - мегуфт Ҳазрати Эшон.
Ӯ милкашро ба номи худ расмӣ мекард. Дар асноди боқимонда навишта шудааст, ки ин моликият пас аз ӯ ба ворисони мардаш ба мерос мемонад, аммо ҳамеша дар ҳоли будану набудани ворис даромадҳои милки ӯ бояд харҷи масорифи мадрасаву масҷид ва бенавоён шавад. Моликияти ӯ ба писаронаш – Муҳаммад Абдуллоҳ ва Муҳаммад Яҳё васият шудаанд ва дар навбати худ инҳо ба фарзандони худ васият мекарданд.
Вақфномаҳои боқимонда аз асри 16 шаҳодат медиҳанд, ки пас аз марги Хоҷа Аҳрор ва ба қудрат расидани Шайбониён моликияти ӯро соҳибони қаблиашон аз худ кардаанд, аммо қозиҳо дар баҳсҳои додгоҳӣ онҳоро ба писарону наберагонаш баргардондаанд. Абдулатиф, шоҳи Шайбонӣ соли 1544 ба қозикалони Самарқанд мегӯяд, ки моликияти Хоҷа Аҳрор ба пасмондагонаш баргардонда, аз ҳамаи андозҳо озод карда шавад, зеро “қудрати шоҳ аз таваҷҷӯҳи шайхҳо поянда мешавад”.
Муаррихони рус менависанд, ки дар асри 19 аз вақфи Хоҷа Аҳрор ҳудуди 100 ҳазор рубл даромад меояд ва онро 500 вориси ӯ тақсим мекунанд.


 Ҳомии миллат

 
Ин як руҷуи кутоҳ ба шахсияти Хоҷа Аҳрор, тоҷики бузурге буд, ки дар асри фитнаҳои бузург ба ҳимоят аз мардуми оддӣ сар баланд кард ва рисолати худро ба ҷой овард. Пас аз Хоҷа Аҳрор даҳ сол нагузашта, ҳукуматҳои темурӣ аз дасти Шайбониҳо суқут карданд.
Аммо низомеро, ки барои сармоягузории мадрасаву масоҷид бунёд ниҳода буд, то Инқилоби Октябр амал кард. Ин бузургтарин хизмати Хоҷа Аҳрори Валӣ аст, ки тавонист фарҳанги форсии тоҷикиро аз як суқути азим нигоҳ дорад. Шайбониён дар низоми давлатдорӣ забони ӯзбакиро ҷорӣ карданд. Далели ин асноди вақфе мебошанд, ки дар замони темуриҳо ба тоҷикӣ ва дар замони Шайбониён ба ӯзбакӣ таҳия мешуданд. Аммо Шайбониён низ пеши қудрати Хоҷа Аҳрор сари таъзим фуруд оварданд ва баъди ба қудрат расидани манғитиҳо низ ҳеҷ кас ба моликияти ӯ дастдарозӣ накард. Як далели вуҷуди империяи фарҳангии тоҷикӣ аз Тошканд то Кобул низ маҳз низоме буд, ки Хоҷа Аҳрор ба вуҷуд овард.
Ҳамин тавр, Хоҷа Аҳрор намунаи барҷастаи тафаккури тоҷикист, ки барои амният ва рушд равона шудааст. Онро бояд омӯхт ва ибрат гирифт!


Далери Хайруллоҳ

Маводи мазкур дар рӯзномаи " Нигоҳ", N 49, аз 04.03.2015 интишор ëфтааст





Ходжа Убайдулла родился в горном кишлаке Богистон под Ташкентом в 1404 году. Ходжа Ахрор — не собственное имя святого. Так люди стали звать его уже в зрелом возрасте за благие дела. Генеалогические корни его отца —Ходжы Махмуда восходят к Мухаммаду Номи Багдади. Этот великий ученый еще в Х веке приезжает из Багдада в Шаш (Ташкент) и обучается у известного шейха Абувакра Мухаммада Каффала и навсегда остается здесь. Мать Ходжа Ахрора приходится дочерью прожившего в Бустанликском районе, в селе Багистан Ходжи Довуда, сына известного Шейха Хованди Тахур (Шайхантаур). Двадцатидвухлетний Ходжа Ахрор приезжает в Самарканд, где обучается в одном из медресе. Здесь его к себе притягивали святые места, которых было предостаточно. Большую часть своей жизни он проводил в мечетях и кельях, в которых обитали суфии и дервиши. Вскоре он покидает Самарканд и направляется в Бухару — центр исламского просвещения и родину шейха Бахауддина Накшбанди. Затем он отправился в Герат и в течение пяти лет обучался у главы гератских шейхов Саида Табризи. Здесь до него дошли слухи о выдающихся познаниях в суфизме одного из учеников Бахауддина — Якуба Чархи. Он пешком отправился из Герата в Хисар, в горный кишлак Халагу, где жил святой шейх. Хазрат Чархи посвятил Ходжу Ахрара в таинства зикра — пути к Аллаху, а также передал ученику и тайны чудотворства. В заключение учитель нашел ученика настолько укрепившимся в познаниях и столь достойным по образу жизни, что выдал ему разрешительную грамоту на право самому наставлять идущих по пути суфиев. После этого Ходжа Ахрар снова уехал в Герат, где пробыл около года, а затем в 1431 году возвратился в Ташкент. Начал он свою подвижническую деятельность. Помогал людям, всегда находя особое слово для больных, для бездетных женщин, давал им амулеты, которые приносят облегчение страждущим. Известность его росла быстро. Потянулись послушники, желавшие стать мюридами молодого пира-наставника, который получил благословение на зикр от самого хазрата Якуба Чархи, а тот, в свою очередь, от светлейшего шейха Бахауддина Накшбанди. У суфиев очень ценилась прямая и последовательная преемственность святости — силсила. От шейха Бахауддина силсила восходила через поколения ишанов-суфиев до самого Имама Хусейна, что был сыном и учеником четвертого праведного халифа Али. Он всю жизнь строго соблюдал правило праведных, разработанные Бахоуддином Накшбандом «Дил ба ёру, даст ба кор» — означающее, что сердце должно быть с Богом, а руки в труде. Ходжа Ахрор — один из самых почитаемых суфийских мастеров. Приставка «вали» к имени можно перевести как «обладающий даром предвидения". Ходжа Ахрор был и суфийским мастером и государственным деятелем. Последователи Бахауддина Накшбанда, как их Учитель, осуждали аскетизм, призывали единоверцев не уходить от мирских проблем. Они не ждали когда кто-то их пригласить выступить против несправедливости, а использовали свое влияние на власть имущих для предотвращения деспотизма по отношению к торгово-ремесленному люду и крестьянству Одним из таких ярких последователей Накшбанди Ходжа Ахрор. Ему удавалось и убеждением, и силовым давлением остановить разрушительные набеги, облегчить жизнь простых людей, освобождая их от непосильных налогов. О том, что Ходжа Ахрор был искушенным и влиятельным политиком, свидетельствуют следующие слова его современника Алишера Навои: «В последующие времена обрел он удивительное влияние на державы и неизреченную близость к властителям и повелителям. Властители Мавераннахра считали себя его мюридами и сподвижниками, но и многие (мусульманские) повелители Хорасана, Азербайджана и других стран от Рума и Египта до Китая и Индии считали себя сподвижниками Ходжи и его поданными». При Ходже Ахроре утвердилась традиция вмешательства духовных авторитетов в политику. Он писал: «Задача суфия спасти не только себя, но спасти мир, а чтобы спасти мир, надо иметь власть для того же, чтобы иметь власть, нужно иметь сношения с миром. Таким образом, отречение от мира и завладение миром служат одной конечной цели. Власть над миром, который есть мир страстей, зло, мир дьявола, — служит во благо того же мира и понесет ему спасение. Но к власти над миром должен стремиться лишь тот, кого уже мир как мир привлекать не может, тот, который достиг степени безразличия и совершенного равнодушия по отношению к ценности и прелестям мира». Ходжа Ахрор Вали умер в 1489 году и похоронен в Самарканде. Старший визирь бухарского хана Имомкулихана Нодир Девонбеги в XVII веке построил медресе и мечеть рядом с его могилой. В 2005 году в Узбекистане отметили 600-летний юбилей великого ученого. В связи с юбилеем глубоко и всесторонне изучалась жизнь и деятельность Ходжа Ахрора. Были опубликованы статьи в газетах и журналах, изданы научные труды. Была проведена большая работа по реконструкции и благоустройству мавзолея и прилегающей территории в поселке Ходжа Ахрор Самаркандского района. 

Масуда Якубова




 Мавзолей Ходжа Ахрора Вали 

В 1630-1635 годах Нодир Диванбеги - главный визирь Бухарского эмираИмамкулихана, в нескольких километрах к югу от Самарканда, по соседству с «дахмой» (захоронением) Ходжа Ахрора Вали, построил медресе. Медресе, которое получило название медресе Нодира Диванбеги, было построено в честь видного деятеля ордена Накшбандия, знаменитого шейха Ходжа Ахрора
Вали. Ходжа Ахрар, глава суфийского ордена Накшбандия («суфизм» – мистическое направление в исламе), уроженец горного селения Богистан в Ташкентской области. Ходжа Ахрар впервые посетил Самарканд в 1426 году на 22 году жизни, а окончательно переселился в Самарканд в 1451 г., уже после смерти Улугбека, в период правления Абу Сайида, одного из представителей династии Темуридов. При его воспитаннике царевичеАхмаде, он достиг практически неограниченной власти и стал фактическим правителем Самарканда и самым богатым землевладельцем в государстве. Великий средневековый поэт Джами называл его «Ходжа Ходжей»,«Человек осознающий сущность предмета». «Перед его святостью, внешним видом и силой духа, люди падали ниц». Его девизом было: «для полного исполнения своей духовной миссии в мире необходимо использовать политическую власть». Этот девиз определил всю дальнейшую социальную и политическую деятельность ордена «накшбандия». Одним из титулов Ходжа Ахрара был «Хазрат-и Имам» (святой Имам). От него пошли 3 главные ветви учения «накшбандия»: Центрально-Азиатская, Западно-Турецкая и Индийская. Умер Ходжа Ахрар в 1490 году и был захоронен в дахме с беломраморной резной надгробной стелой близ своего поместья. К кладбищу примыкал огражденный двор с восьмигранным хаузом (прудом), в водах которого отражались росписи айванов мечети и минарета. Позднее вокруг могилы Ходжа Ахрара со временем оформилось священное кладбище. Строительство медресе Нодиром Диванбеги именно на этом месте говорит о большом уважении и почитании Ходжа Ахрора Вали. Очень часто медресе из-за своего месторасположения называли Сари мазор («начало кладбища») или медресе Ходжа Ахрора Вали. При строительстве этого здания некоторые элементы планировки были позаимствованы у медресе Шердор на площади Регистан в Самарканде. Изображение тигров на портале, только без солнца, выложенные мозаикой, дали медресе второе название - "Шердори берун" (т.е. внешний (загородный) Шердор"). Памятник дошел до нашего времени в сильно разрушенном виде, наружный портал его накренился на один метр и грозил упасть, кровля и своды растрескались, облицовка в верхней части входного восточного портала исчезла в ходе ремонта в начале XX в.В 80-х годах ХХ века народный мастер Абдугаффор Хаккуловначал реставрационные работы в медресе, которые продолжились в годы независимости. Для восстановления внешнего вида медресе были изучены множество архивных материалов, в частности, труд самаркандского ученого XIX в. Абутахир Ходжи "Самария", а также несколько фотографий медресе Надир Диванбеги, сделанных еще в 1870 г. и хранящихся в фондах Санкт-Петербургского Эрмитажа. Была среди них и фотография входного восточного портала, на тимпане которого различимы фрагменты сцены охоты со львами и оленями. Также, по свидетельству профессора П. Захидова, заставшего памятник ещё не разрушенным, "на портале этого медресе имелись изображения двух львов и двух оленей, исполненные в технике резной мозаики". Тщательное, кропотливое изучение архивных документов, старых черно-белых фотографии прошлого и позапрошлого веков, моделирование по фрагментам, позволили реставраторам полностью восстановить здание и облицовку медресе Надир Диванбеги, которое предстаёт сейчас перед туристами и паломниками в своём первозданном виде.

 SamarkandTourсom






                        Мавлоно Ҷомӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ

                                     (Дар бораи як мулоқоти таърихии ду бузургвор)

   Банда тасмим гирифтам, ки барои Шумо хонандагони азиз мулоқоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро бо яке аз орифони оламшумӯл ва чеҳраи таърихии олам - Хоҷа Аҳрори Валӣ манзур намоям, ки маншаи таърихӣ дошта, инсон ва аз ҷумла ҷавононро ба хоксорию фурутанӣ дават менамояд.
Дар замони зиндагонии Абдураҳмони Ҷомӣ шӯҳрати Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳамчун орифи шинохта, мутафакири бузург ва шахсияти сармоядору бахшанда сарорсари кишварҳои форснишинро фаро мегирад.
Аз ҷумла, шӯҳрату овозаи ин шахсият дар шаҳри Ҳирот ба маротибае боло меравад, ки Мавлоно Абудураҳмони Ҷомӣ барои дидорбинии Хоҷа Аҳрори Валӣ ба шаҳри Самарқанд азми сафар мекунанд.
Абдураҳмони Ҷомӣ замоне ба шаҳри Самарқанд мерасанд, ки мардум дар адои намози одина буданд.
Мавлоно Ҷомӣ зуд бо пои таҳорат ба масҷиди ҷомеъаи шаҳри Самарқанд ворид шуда, мехоҳанд, намози ҷумъаро адо намоянд. Ҳангоми дар сафи намоз истодан дар паҳлӯи як нафар шахси чеҳрагарму кушодарӯй ва хоксору фурӯтан ба адои намоз машғул мешаванд.
Баъд аз намозро адо намудан, ҳангоми истихора ва зикри тасбеҳ дар назари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дарёи пуртуғён ва дар болои он пули хеле тангу борик пайдо мешавад. Баробари дар болои пул по гузоштани Мавлоно Ҷомӣ дунё торик мегардад ва Мавлоно дар ҳарос мешаванд, ки аз болои пул чӣ гуна мегузашта бошанд? Дар ҳамин лаҳза марде пайдо мешавад ва чароғеро фурӯзон намуда, барои аз болои пул гузаштанашон кӯмак мекунад. Мавлоно Ҷомӣ чашмашонро боз мекунанд, ки он мард, дар паҳлӯяшон дар сафи намоз машғули ибодат аст.
Мавлоно Ҷомӣ дар ҳайрат монда, ба олами андеша мераванд, ки чаро ҳангоми истихора Худованд ин манзараро ба ман нишон дод?
Дар ҳамин асно ин манзара дар назари Хоҷа Аҳрори Валӣ ба тарзи дигар вонамуд мегардад:
Баробари ба болои пул по гузоштани Ҳоҷа аз ду ҷониби пул ду шери азимҷӯсса бо қаҳру ғазаб пайдо шуда, ба он кас ҳамла мекунанд. Марде дарҳол ба онҳо нон дода, онҳоро ором мекунад ва Хоҷа аз болои пул мегузаранд.
Хоҷа Аҳрори Валӣ ба паҳлӯяшон назар мекунанд, ки ин мард дар паҳлӯяшон машғули ибодат аст.
Баъд аз адои намоз Хоҷа Аҳрори Валӣ аз Мавлоно Ҷомӣ мепурсанд:
-- Шумо кӣ ҳастед, ки аз болои пули тангу борик барои гузаштанам кӯмак намудед?
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз Хоҷа Аҳрори Валӣ мепурсанд:
- Шумо, ки ҳастед, ки шаби тор ҳангоми гузаштанам аз болои ин пули тангу борик бо чароғатон равшанӣ намудед?
Он мард дар ҷавоб мегўянд: - Ман Хоҷа Аҳрори Валиам.
-Шумо, кӣ ҳастед?
Мавлоно мегўянд, ки ман Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомиам барои дидорбинии Шумо аз шаҳри Ҳирот омадам.
Дарҳол ҳарду алломаҳои давру замон бо ҳам мулоқот намуда, аз хурсандии дидори якдигар ашки шодӣ мерезанд.
Ин мулоқоте буд, ки бо нигоҳи дил анҷом дода шуд. Ин гуна мулоқотҳо танҳо хоси пайғамбарон, авлиёву анбиё ва нобиғагон аст, ки дар дидорбинии Мавлоно Ҷомӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ сурат гирифтааст. Ин нуктаро Мавлоно Ҷомӣ олимона ва шоирона ба риштаи назм кашида таъкид мекунанд:

Ин дида бипӯш то дилат дида шавад,
Аз чашми дилат боми дигар дида шавад.

Ин байти пандомез маънои онро дорад, агар инсон чашми сарашро аз дидани нопокиҳои олам боз дошта, аз меҳнати ҳалолаш қути ҷон намояд, дар ниҳодаш чашми дил боз мешавад, ки бо он чашм ҳамаи асрори аввалин ва охирини оламро мебинад. Ҳамзамон, баргузида ва нобиғаи олам мегардад. Номи хешро бо афкори созанда ва панду андарзҳои ҳакимонаашон дар саҳифаҳои таърих бо оби тилло нақш мегузоранд. Ҳамчун Мавлоно Ҷомӣ ҳазорон насли башарро ба роҳи саъодати инсонӣ раҳнамоӣ менамоянд.
Ҳадафи ниҳоии ман аз овардани ин ривоят аз он аст, ки ҷавонони мо бояд ҳаёту фаъолияти бузургони худро омӯзанд ва зиндагиашонро ба монанди зиндагии бузургонашон ба роҳ монданд. Пайваста мутоила намуда, дар талаби илму дониш бошанд. Танҳо бо илму дониш метавонанд ба давлату миллат хизмат намуда, дар ободию созандагии кишвари азизашон Тоҷикистон ҳисса гузоранд.
Дар ин сурат онҳоро пасояндагон ба мисли Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ ба некӣ ёд мекунанд.

Ҷалолиддин Нуров











Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Душмани №1 точик - вируси М Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Хабиб Саид - SoundCloud Таджикская музыка Таджикистан в картинках